Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
007

Al-A'raf 7:136 فانتقمنا منهم فاغرقناهم في اليم بانهم كذبوا باياتنا وكانوا عنها غافلين ١٣٦

7:136
فَٱنتَقَمۡنَا
مِنۡهُمۡ
فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ
فِي
ٱلۡيَمِّ
بِأَنَّهُمۡ
كَذَّبُواْ
بِـَٔايَٰتِنَا
وَكَانُواْ
عَنۡهَا
غَٰفِلِينَ
١٣٦
Пас муддати муқаррар кардашуда омад, аз онҳо интиқом гирифтем ва дар баҳр ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро инкор карданд ва аз он дар ғафлат монданд. (Ва ин ғафлат ба сабаби тасдиқ накарданашон ба оёти Аллоҳ буд)! 1
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

The People of Fir`awn drown in the Sea; the Children of Israel inherit the Holy Land

Allah states that when the people of Fir`awn rebelled and transgressed, even though He inflicted them with consecutive signs, one after another, He took retribution from them by drowning them in the sea that Musa par

…

The People of Fir`awn drown in the Sea; the Children of Israel inherit the Holy Land

Allah states that when the people of Fir`awn rebelled and transgre

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 7, Page 166, Juz 9

130. Қавми Фиръавнро ба қаҳтсолӣ ва камбудии меваҳо гирифтор кардем, шояд панд гиранд ва ба сӯи Аллоҳ ба тавба боз гарданд! 131. Чун қавми Фиръавнро некие (ризқи фаровон) насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие (хушкӣ ва қаҳтӣ) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст». Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз қазо ва қадари Аллоҳ аст ва ба сабаби гуноҳ ва куфри ононанд, вале бештаринашон онро намедонанд! 132. Ва (қавми Фиръавн ба Мусо) гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷизае барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард»! 133. Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун фиристодем, чун селе, ки дарахтон ва киштзорҳояшонро ғарқ кард ва малахро фиристодем, мева, киштзор ва гиёҳонашонро хӯрд ва шабӯшк ва қурбоққаро фиристодем, ки зарфҳо ва ҷои хобашон аз қурбоққа пур шуд ва хунро фиристодем, ки онҳо менӯшиданд ва чашмаву ҷӯйҳояшон ба хун табдил мешуд. Инҳо аз нишонаҳои Аллоҳанд, ки ғайр аз Ӯ касе бар инҳо қодир шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин қавми Фиръавн ин нишонаҳоро дида боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳгор буданд. 134. Ва чун азоб (тоъун) бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Аллоҳро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азобро аз мо дур кунӣ тавба мекунем, ба ту имон меоварем ва он чи ки ту моро ба он даъват мекунӣ, пайравӣ мекунем ва бани Исроилро озод мекунем ва бо ту мефиристем». 135. Ва чун азобро то он замоне, ки ба он расандаанд, аз онҳо дур кардем, он гоҳ паймони худро шикастанд ва бар куфру гумроҳиашон боқи монданд. 136. Пас муддати муқаррар кардашуда омад, аз онҳо интиқом гирифтем ва дар баҳр ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро инкор карданд ва аз он дар ғафлат монданд. (Ва ин ғафлат ба сабаби тасдиқ накарданашон ба оёти Аллоҳ буд)! 137. Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем!

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute