Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
001

Al-Fatihah 1:1 بسم الله الرحمان الرحيم ١

1:1
بِسۡمِ
ٱللَّهِ
ٱلرَّحۡمَٰنِ
ٱلرَّحِيمِ
١
       Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон! (Ин сураро сураи //Фотиҳа,/ меноманд, зеро ифтитоҳи Қуръони азим аз ин сура оғоз мешавад. Ва ин сураро //Масонӣ,/ низ меноманд, чун дар ҳар ракаати намоз қироат карда мешавад. Ин сура дорои номҳои дигар ҳам аст. Яъне, Ибтидо мекунам хондани Қуръонро бо номи Аллоҳ ва бо мадади Ӯ. "Аллоҳ" номи Парвардигор аст, маънояш: Нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Ӯ. Ин ном аз хосатарин номҳои Аллоҳ аст ва ин номро ба ғайр аз Ӯ ном гузорида намешавад. Раҳмон, соҳиби раҳмати ом аст, ки ба он сифат карда шудааст ва раҳматаш ҷамиъи халқро фаро гирифтааст. Раҳим, меҳрубон бо мӯъминон. Ин ду ном, аз номҳои Аллоҳ таъоло аст, ки исбот кардани сифати раҳматро дарбар мегирад.)
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

Introduction to Fatihah

Which was revealed in Makkah

The Meaning of Al-Fatihah and its Various Names

This Surah is called

- Al-Fatihah, that is, the Opener of the Book, the Surah with which prayers are begun.

- It is also called, Umm Al-Kitab (the Mother of the Book), according to the majority of th

…

Introduction to Fatihah

Which was revealed in Makkah

The Meaning of Al-Fatihah and its Various Names

This Surah is called

- Al-Fatihah, that is, the O

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 1, Page 1, Juz 1

1. Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон! (Ин сураро сураи //Фотиҳа,/ меноманд, зеро ифтитоҳи Қуръони азим аз ин сура оғоз мешавад. Ва ин сураро //Масонӣ,/ низ меноманд, чун дар ҳар ракаати намоз қироат карда мешавад. Ин сура дорои номҳои дигар ҳам аст. Яъне, Ибтидо мекунам хондани Қуръонро бо номи Аллоҳ ва бо мадади Ӯ. "Аллоҳ" номи Парвардигор аст, маънояш: Нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Ӯ. Ин ном аз хосатарин номҳои Аллоҳ аст ва ин номро ба ғайр аз Ӯ ном гузорида намешавад. Раҳмон, соҳиби раҳмати ом аст, ки ба он сифат карда шудааст ва раҳматаш ҷамиъи халқро фаро гирифтааст. Раҳим, меҳрубон бо мӯъминон. Ин ду ном, аз номҳои Аллоҳ таъоло аст, ки исбот кардани сифати раҳматро дарбар мегирад.) 2. Ситоиш Аллоҳро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (Ҳамду сано бар Аллоҳи бузург ба сифатҳои камолаш, ва ба неъматҳои ошкору пинҳониаш, динӣ ва дунявиаш. Мазмуни ин оят ба амр далолат мекунад, то Ӯро бандагонаш ҳамд бигӯянд. Танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, зеро Ӯ офаридагори халқ, қоим ба умури онҳо; бо неъматҳояш тарбиятгари ҷамиъи халқаш аст; ва тарбиятгари дӯстонаш аст ба имон ва амали солеҳ.) 3. Бахшандаи меҳрубон, 4. Подшоҳи рӯзи ҷазост. Ба ғайр аз Ӯ дар рӯзи қиёмат ҳеҷ подшоҳе нест ва он рӯз, рӯзи подоши амалҳост. Ин оят барои намозгузор дар ҳар ракаат огоҳкунандааст ба рӯзи қиёмат. Ва мусалмоНро ба амали солеҳ равона менамояд ва аз амали бад бозмедорад. 5. Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. (Мо танҳо Туро ибодат мекунем ва дар ҷамиъи корамон аз Ту ёрӣ меҷӯем. Тамоми амр аз они Туст. Ҳеҷ касе миқдори заррае аз он соҳиб шуда наметавонад. Ин оят далел аст, ки банда наметавонад чизеро аз навъҳои ибодат барои ғайри Аллоҳ сарф намояд, ба монанди дуо, мадад ҷустан, забҳ ва тавоф. Ва ин оят низ шифои дилҳост аз бемориҳои худнамоӣ ва худписандӣ.) 6. Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: (Моро иршод ва далолат намо ба роҳи мустақим ва тавфиқ фармо ва бар он устувор кун, то ба дидори Ту мушарраф шавем. Ва он роҳ Ислом аст. Роҳест, ки бандаро ба ризояти Аллоҳ ва ҷаннаташ мебарад. Банда саодатманд намешавад, то модоме ки дар ин роҳ мустақим набошад.) 7. Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на он роҳе, ки бар онҳо хашм гирифтаи ва на роҳи гумроҳон. (Роҳе, ки Ту неъмати худро бар эшон арзонӣ намудӣ аз паёмбарон, сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, ки онҳо ахди ҳидоят ва истиқоматанд. Ва моро набар ба он роҳе, ки Ту бар онҳо хашм гирифтаӣ. Онон касоне буданд, ки ҳақро донистанд ва ба он амал накарданд. Ва онҳо яхудиёнанд. Ва нагардон моро аз касоне, ки роҳгумкардаанд. Онон касонеанд, ки ҳидоят наёфтаанд ва гумроҳ шудаанд. Ва онон насороанд. Ин оят шифо аст барои қалби мусалмон аз инкори ҳақ, ҷаҳл ва гумроҳӣ. Бузургтарин неъмате, ки Аллоҳ таъоло бар бандагонаш арзонӣ кардааст, ин Ислом аст. Уламо иттифоқ кардаанд бар он, ки лафзи "Омин" аз ояти сураи Фотиҳа ба ҳисоб намеравад. Аз ин сабаб дар Қуръон онро китобат накардаанд. Маънои "Омин", ин аст, ки: Илоҳо қабул намо! )

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute