Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
042

Ash-Shuraa 42:12 له مقاليد السماوات والارض يبسط الرزق لمن يشاء ويقدر انه بكل شيء عليم ١٢

42:12
لَهُۥ
مَقَالِيدُ
ٱلسَّمَٰوَٰتِ
وَٱلۡأَرۡضِۖ
يَبۡسُطُ
ٱلرِّزۡقَ
لِمَن
يَشَآءُ
وَيَقۡدِرُۚ
إِنَّهُۥ
بِكُلِّ
شَيۡءٍ
عَلِيمٞ
١٢
     Калидҳои раҳмат ва ризқу рӯзӣ дар дасти Ӯст ва мулки осмону замин аз они Ӯст. Барои ҳар кӣ бихоҳад ризқу рӯзиро кушода (васеъ) медорад ва барои ҳар ки бихоҳад танг медорад ва Ӯ ба ҳар чизе доност ва чизе аз умури бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад!
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

Allah is the Protector, Ruler and Creator

Here Allah denounces the idolators for taking other gods instead of Allah, and declares that He is the True God, and it is not right to worship anyone except Him Alone. He is the One Who is able to bring the dead back to life and He is Able to do all things.

…

Allah is the Protector, Ruler and Creator

Here Allah denounces the idolators for taking other gods instead of Allah, and declares that He is the True G

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 42, Page 484, Juz 25

10. Ва эй мардум, дар ҳар чизе, ки ихтилоф кардаед, дар умури динатон доварии он ба Аллоҳ вогузор мешавад. Ин Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст. Дар ҳама корҳо бар Ӯ таваккал кардам ва дар тамоми ҳаёти зиндагӣ ба Ӯ рӯй меоварам. 11. Аллоҳ офаридгори осмонҳову замин аст (ва падидоварандааст он дуро боқудрат ва хоҳиш ва ҳикмати худ.) Ва аз худатон барои шумо, ҳамсароне биёфарид. Ва низ аз чорпоён ҷуфтҳое падид овард (аз наринаву модина) ба ин васила. Бо сабаби офариниши ҳамсарон шумораатонро меафзояд. Ҳеҷ чиз аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност (ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида нест ва ба ҳар яке ҷазои муносиб хоҳад дод!) 12. Калидҳои раҳмат ва ризқу рӯзӣ дар дасти Ӯст ва мулки осмону замин аз они Ӯст. Барои ҳар кӣ бихоҳад ризқу рӯзиро кушода (васеъ) медорад ва барои ҳар ки бихоҳад танг медорад ва Ӯ ба ҳар чизе доност ва чизе аз умури бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад! 13. Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем, ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед. Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд. 14. Ва гурӯҳ-гурӯҳ нашуданд, магар баъд аз илм ва огоҳӣ. Ва ин тафриқаҷӯй фақат ба хотири ситамгарӣ ва каҷравӣ дар миёни худашон буд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замони муъайяне мӯҳлат аст, бегумон дар миёни онҳо доварӣ мешуд. Ва бегумон касоне, ки баъд аз онҳо (яҳуду насоро) вориси китоби Аллоҳ шудаанд, ҳароина, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд. 15. Пас барои ин дини росте, ки Аллоҳ бар паёмбарон васият кардааст, мардумро даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ варз ва аз паи хоҳишҳояшон марав, ки онҳо аз роҳи ҳақ каҷ рафтаанд ва бигӯ: «Ба ҳар китобе, ки Аллоҳ нозил кардааст бар паёмбарони хеш, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо дар аҳкоми Аллоҳ ба адолат рафтор кунам. Аллоҳи барҳақ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Савоби аъмоли шоистаи мо аз они мо ва ҷазои аъмоли бади шумо аз они шумост. Миёни мову шумо ҳеҷ ҷидол ва душмание нест, баъд аз он ки ҳақ баён шуд. Аллоҳ моро дар рӯзи қиёмат дар як ҷо гирд меоварад ва дар он чи ки ихтилоф кардаем, байни мо бо ҳақ доварӣ мекунад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст! Пас ҳар якеро ҷазои муносиб медиҳад» 16. Ва касоне, ки дар бораи дини Аллоҳ бо ҳуҷҷатҳои ботил бо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷидол мекунанд, то пеши имони мардумро бигиранд, пас аз он ки гурӯҳе аз мардуми оқилу доно даъвати ӯро иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷатҳояшон ночиз ва ботил аст. Бар онҳост хашми Аллоҳ дар дунё ва низ бар онҳост азоби сахт дар охират. Ва он оташи дӯзах аст! 17. Аллоҳ он Зотест, ки китоби Қуръон ва китобҳои пешинаро барҳақ ва низ тарозуи адлро фуруд овардааст, то байни мардум ба инсоф ҳукм намояд. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад. 18. Онон, ки аз рӯи бе имонӣ ва саркашӣ ба қиёмат бовар надоранд, омадани онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз омадани он тарсонанд ва медонанд, ки он қиёмат, албатта, ҳақ аст ва ҳеҷ шакке дар вуқуъи он нест. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, дар гумроҳии дуру дарозе аз ҳақ ҳастанд. 19. Аллоҳ бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, ризқу рӯзӣ медиҳад. Пас мувофиқи ҳикматаш якеро дар ризқ фарох ва дигареро танг мегардонад. Ва Ӯ тавоно дорои қудрат ва қуввати бузург аст ва дар интиқоми душманонаш пирӯзманд аст..

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute