Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
065

At-Talaq 65:5 ذالك امر الله انزله اليكم ومن يتق الله يكفر عنه سيياته ويعظم له اجرا ٥

65:5
ذَٰلِكَ
أَمۡرُ
ٱللَّهِ
أَنزَلَهُۥٓ
إِلَيۡكُمۡۚ
وَمَن
يَتَّقِ
ٱللَّهَ
يُكَفِّرۡ
عَنۡهُ
سَيِّـَٔاتِهِۦ
وَيُعۡظِمۡ
لَهُۥٓ
أَجۡرًا
٥
Ин ҳама он чи зикр шуд аз аҳкоми талоқ ва идда, фармони Аллоҳ аст, ки бар шумо (эй одамон) нозил кардааст, то ба он амал кунед. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, аз гуноҳҳо парҳез кунад ва фарзҳоро ба ҷой орад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро дар охират подоши бузурге (ҷаннат) медиҳад.
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

The `Iddah of Those in Menopause and Those Who do not have Menses

Allah the Exalted clarifies the waiting period of the woman in menopause. And that is the one whose menstruation has stopped due to her older age. Her `Iddah is three months instead of the three monthly cycles for those who menstruate,

…

The `Iddah of Those in Menopause and Those Who do not have Menses

Allah the Exalted clarifies the waiting period of the woman in menopause. And that is

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 65, Page 558, Juz 28

1. Эй Паёмбар, агар ту ва мӯъминон мехоҳед, ки занонатонро талоқ диҳед, пас талоқ диҳед занҳоро дар аввали иддаашон. Ва шумори иддаро нигаҳ доред, то бидонед вақти бозгаштанро, агар бихоҳед онҳоро бозгардонед. Ва аз Аллоҳи якто, Парвардигоратон битарсед. Ва онҳоро аз хонаҳояшон, ки зиндагӣ мекарданд, то комил шудани иддаи худ берун накунед: Ва аз хона танҳо берун нараванд, магар он ки ба ошкоро кори зиште (зино) кунанд. Инҳо аҳкоми Аллоҳ ҳастанд, ки барои бандагон амр кардааст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, пас ҳамоно ба худ ситам карда худро мавриди ҳалок қарор додааст. Ту чӣ донӣ (эй талоқшуда), шояд Аллоҳ баъд аз ин талоқ амреро падид оварад, ки ту намедонистӣ ва ӯ туро бозгардонад. 2. Пас, вақте ки иддаи занҳои талоқшуда буд шавад, пас ба ваҷҳи некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳи некӯ аз онҳо ҷудо шавед. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам, албатта гувоҳ гиред ду мусалмони соҳибтақворо. Ва (эй шоҳидон) холис барои Аллоҳ гувоҳиро адо кунед, на барои чизи дигар. Ин ҳукми Аллоҳ аст, панд дода мешавад ба он ҳар киро, ки имон дорад ба Аллоҳу рӯзӣ қиёмат. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, пас амрҳои Ӯро ба ҷой орад ва аз манъ кардаҳояш парҳез кунад, Аллоҳ роҳи наҷоту халосиро аз тамоми ғаму андӯҳ барояш пайдо кунад. 3. Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, сабабҳои ба даст овардани ризқу рӯзиро ба ӯ осон мегардонад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист дар анҷоми тамоми корҳо. Ҳароина, Аллоҳ кори худро ба иҷро мерасонад. Ҳамоно Аллоҳ барои ҳар чиз (яъне аз сахтиҳо ва осудаҳолиҳо) як андозаву миқдори муайянро муқаррар кардааст. 4. Ва занҳое, ки ба сабаби калонсолиашон аз дидани ҳайз ноумед шуданд, агар дар шубҳа афтодед, ки идаашон чи қадар бошад? Пас бидонед, ки иддаашон гузаштани се моҳ аст. Ва занҳое, ки ба синни ҳайз дидан нарасидаанд, иддаи онҳо низ се моҳ аст. Ва иддаи занҳои ҳомиладор, вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад ва ҳукмҳои Ӯро ба ҷой орад, Аллоҳ корашро дар дунёву охират осон хоҳад кард. 5. Ин ҳама он чи зикр шуд аз аҳкоми талоқ ва идда, фармони Аллоҳ аст, ки бар шумо (эй одамон) нозил кардааст, то ба он амал кунед. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, аз гуноҳҳо парҳез кунад ва фарзҳоро ба ҷой орад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро дар охират подоши бузурге (ҷаннат) медиҳад. 6. Ба қадри тавоноии худ занони талоқшударо дар вақти идаашон дар ҷое, ки худ сукунат ихтиёр кардед, ҷой диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то ки тангирӣ кунед ба онҳо дар маскан. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед (дар вақти идаашон), то ки таваллуд кунанд. Пас агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро ба пуррагӣ бидиҳед. Ва бо тарзи некӯ бо якдигар корфармоӣ (тавофуқ) кунед. Ва агар дар боби шир додан ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигар (ғайри модари талоқшуда) бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад. 7. Ҳар шавҳари молдоре аз моли худ бар зани талолқшуда ва бар фарзанди навзод нафақа диҳад. Ва касе, ки фақир ва тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Аллоҳ ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Аллоҳ ҳеҷ камбағалро ба монанди молдор вазифадор намесозад ва ба зудӣ Аллоҳ пас аз тангдастӣ ва сахтӣ, молдорӣ ва осонӣ пеш орад.

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute