Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
009

At-Tawbah 9:100 والسابقون الاولون من المهاجرين والانصار والذين اتبعوهم باحسان رضي الله عنهم ورضوا عنه واعد لهم جنات تجري تحتها الانهار خالدين فيها ابدا ذالك الفوز العظيم ١٠٠

9:100
وَٱلسَّٰبِقُونَ
ٱلۡأَوَّلُونَ
مِنَ
ٱلۡمُهَٰجِرِينَ
وَٱلۡأَنصَارِ
وَٱلَّذِينَ
ٱتَّبَعُوهُم
بِإِحۡسَٰنٖ
رَّضِيَ
ٱللَّهُ
عَنۡهُمۡ
وَرَضُواْ
عَنۡهُ
وَأَعَدَّ
لَهُمۡ
جَنَّٰتٖ
تَجۡرِي
تَحۡتَهَا
ٱلۡأَنۡهَٰرُ
خَٰلِدِينَ
فِيهَآ
أَبَدٗاۚ
ذَٰلِكَ
ٱلۡفَوۡزُ
ٱلۡعَظِيمُ
١٠٠
Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

Virtues of the Muhajirin, Ansar and Those Who followed Them in Faith

Allah mentions that He is pleased foremost with the Muhajirin, Ansar and those who followed them in faith, and that they are well-pleased with Him, for He has prepared for them the gardens of delight and eternal joy. Ash-Sha`bi said

…

Virtues of the Muhajirin, Ansar and Those Who followed Them in Faith

Allah mentions that He is pleased foremost with the Muhajirin, Ansar and those who

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 9, Page 203, Juz 11

100. Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст 101. Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишини Мадина], ки перомуни шумо ҳастанд, [гурӯҳи] мунофиқанд ва аз аҳли Мадина [низ] гурӯҳе ба нифоқ хӯ гирифтаанд. [Эй Паёмбар] Ту ононро намешиносӣ, [вале] мо ононро мешиносем. Ононро ду бор азоб хоҳем кард, сипас ба сӯйи азоби бузург [дар қиёмат] фиристода мешаванд 102. Ва гурӯҳи дигар ба гуноҳони худ [дар бораи фирор аз ҷиҳод] эътироф кардаанд. [Онон] Кори шоиста ва ношоистаро ба ҳам омехтаанд. Умед аст Аллоҳ таоло тавбаи эшонро бипазирад, [чароки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст 103. Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои онон аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност 104. Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ таолост, ки тавбапазири меҳрубон аст 105. Ва [эй Паёмбар, ба мутахаллифон аз ҷиҳод ва тавбакорон] бигӯ: «Ба амал кӯшед [ва ончиро, ки аз даст додаед, ҷуброн кунед]. Пас, Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва муъминон корҳои шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳону ошкор бозгардонда мешавед, сипас Ӯ [дар қиёмат] шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ месозад» 106. Ва гурӯҳи дигар [аз мутахаллифони Табук ҳастанд, ки сарнавишташон] мавкул [вобасташуда] ба фармони Аллоҳ таоло аст: ё азобашон мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст 107. Ва касоне [аз мунофиқон ҳастанд], ки барои зиён расондан [ба мусулмонон] ва [тақвияти] куфру тафриқаафканӣ миёни муъминон масҷиде сохтанд, [то] камингоҳе бошад барои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз пеш дар ҷанг буданд ва, албатта, онон савганд ёд мекунанд, ки қасде ҷуз некӣ [ва хидмат] надоштаем. Ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онон, ҳатман, дурӯғгӯ ҳастанд 108. Эй Паёмбар] Ҳаргиз дар он масҷид [ба намоз] наист, [зеро] шоистатар аст дар масҷиде [ба намоз] биистӣ, ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шудааст. [Оре, масҷиди Қубост] Ки дар он, мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд, ки [аз гуноҳу олудагӣ] поку покиза гарданд. Ва Аллоҳ таоло покизагонро дӯст медорад 109. Оё касе, ки бунёни [кори] хешро бар пояи парҳезгорӣ ва хушнудии Аллоҳ таоло бино ниҳода,беҳтар аст ё касе, ки бунёни хешро бар лаби партгоҳи фурӯрехтание бино ниҳодааст ва бо он дар оташи дузах сарнагун мегардад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба сабаби куфру нифоқашон] ҳидоят намекунад 110. Он биное, ки онон бунён ниҳодаанд, пайваста дар дилҳояшон мояи тардид [ва нифоқ] хоҳад буд, магар онки дилҳояшон пора-пора шавад [ва бимиранд]. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

- Pioneers of Translation Center

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute