Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
009

At-Tawbah 9:88 لاكن الرسول والذين امنوا معه جاهدوا باموالهم وانفسهم واولايك لهم الخيرات واولايك هم المفلحون ٨٨

9:88
لَٰكِنِ
ٱلرَّسُولُ
وَٱلَّذِينَ
ءَامَنُواْ
مَعَهُۥ
جَٰهَدُواْ
بِأَمۡوَٰلِهِمۡ
وَأَنفُسِهِمۡۚ
وَأُوْلَٰٓئِكَ
لَهُمُ
ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ
وَأُوْلَٰٓئِكَ
هُمُ
ٱلۡمُفۡلِحُونَ
٨٨
   Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон!
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

After Allah mentioned the sins of the hypocrites, He praised the faithful believers and described their reward in the Hereafter,

لَـكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُ جَـهَدُواْ

(But the Messenger and those who believed with him strove hard and fought) until the end of these two Ayat 9:88-8

…

After Allah mentioned the sins of the hypocrites, He praised the faithful believers and described their reward in the Hereafter,

لَـكِنِ الرَّسُولُ وَا
…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 9, Page 201, Juz 10

81. Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Аллоҳ ақибнишинӣ карданд (дар Мадина), хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Аллоҳ нохуш шумурданду ва ба ҳамдигар гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ бар онҳо эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!» 82. Ба ҷазои аъмоли анҷом додаашон (мунофиқон) бояд ки андак биханданд ва бисёр бигирянд! (Яъне, дар ин дунёи гузаро баҳраманд шаванд ва ба лаззатҳои он хушҳол шаванд, зуд аст, ки бисёр бигирянд дар азоби дарднок ба сабаби он чи касб кардаанд дар дунё аз куфру нифоқ ва нофармонии амри Парвардишрашон). 83. Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас, акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!» 84. Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст). 85. Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бисёрии молу фарзандони онон туро ба ҳайрат наорад. Аллоҳ мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар ҳолати куфр ҷон бисупоранд. 86. Чун сурае бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, ки ба Аллоҳ имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!» 87. Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон бошанд, ба сабаби нифоқашон бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд ва намефаҳманд чӣ барояшон шоиста аст. 88. Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон! 89. Аллоҳ барояшон биҳиштҳое омода кардааст, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ин аст наҷоти бузург!

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute