Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
035

Fatir 35:33 جنات عدن يدخلونها يحلون فيها من اساور من ذهب ولولوا ولباسهم فيها حرير ٣٣

35:33
جَنَّٰتُ
عَدۡنٖ
يَدۡخُلُونَهَا
يُحَلَّوۡنَ
فِيهَا
مِنۡ
أَسَاوِرَ
مِن
ذَهَبٖ
وَلُؤۡلُؤٗاۖ
وَلِبَاسُهُمۡ
فِيهَا
حَرِيرٞ
٣٣
    Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо онҳоро бо дастбандҳои зару марворид меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир (абрешим) аст.
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤاً

(therein will they be adorned with bracelets of gold and pearls,) It was recorded in the Sahih from Abu Hurayrah, may Allah be pleased with him, that the Messenger of Allah ﷺ said:

«تَبْلُغُ الْحِلْيَةُ مِنَ الْمُؤْمِنِ حَيْثُ يَبْلُغُ الْوَضُوء

…

يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤاً

(therein will they be adorned with bracelets of gold and pearls,) It was recorded in the Sahih

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 35, Page 438, Juz 22

27. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ, ба таҳқиқ, аз осмон борон фиристод, пас ба он меваҳои гуногун рӯйёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳое: сафед ва сурх ва рангоранг ва ба ғоят сиёҳ падид овардем. 28. Ва ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни бо рангҳои гуногун падид овардем. Албатта, аз миёни бандагони Аллоҳ танҳо донишмандон, ки фармонашро итоат мекунанд аз иқоби Ӯ метарсанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар мулкаш пирӯзманду қавӣ аст ва гуноҳи тавбакунандагонро омӯрзанда аст! 29. Ба таҳқиқ, онон, ки китоби Қуръонро мехонанд ва ба он амал мекунанд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва аз он чи ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад ва барбод намеравад. 30. Зеро Аллоҳ мукофоташонро ба пуррагӣ медиҳад ва аз фазли худ подоше бар он меафзояд. Ба таҳқиқ, Аллоҳ гуноҳонашонро омурзанда аст ва пазирандаи сипос аст, ки некии андакро аз онҳо мепазирад! 31. Ҳар чӣ аз он китоби Қуръон ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, ҳақ ва тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз Қуръон аст ва албатта, Аллоҳ бар ҳоли бандагонаш огоҳ аст ва ба амалҳояшон биност! 32. Сипас баъди ҳалоки умматҳо китоби Қуръонро ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем (яъне, уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ба мерос додем. Баъзе бар худ ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе бо фармони Аллоҳ дар корҳои нек пешво ҳастанд. Ва ин аст бахшоише бузург! 33. Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо онҳоро бо дастбандҳои зару марворид меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир (абрешим) аст. 34. Ва мегӯянд: Ҳамаи сипос Аллоҳро, ки ғаму андӯҳ аз мо дур кард. Ба таҳқиқ, Парвардигори мо омурзандаву шукрпазир аст, ки аз камбудиҳоямон даргузашта ва некиҳоямонро қабул кард ва дар онҳо афзуд! 35. Он Аллоҳе, ки моро аз фазли хеш ба ин саройи ҷовидон даровард, ки дар он ҷо на ранҷе ҷисмонӣ бар мо мерасад ва на хастагии рӯҳонӣ. 36. Ва касоне, ки куфр варзиданд, оташи ҷаҳаннам барои онон аст, на ҳукм карда мешавад бар онҳо, то бимиранд, ки дар роҳат бимонанд ва на чизе аз азобашон кам карда мешавад. Носипосонро чунин ҷазо медиҳем! 37. Ва он кофирон аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳои шоиста қунем, ғайр аз он чи дар дунё мекардем». (Ба онҳо мегӯем): Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад, то ба сӯи мо бозгардед ва тавба кунед. Пас, таъми азобро бичашед, ки гунаҳкоронро ёваре нест, ки аз дӯзах онҳоро берун оварад!

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute