Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
041

Fussilat 41:39 ومن اياته انك ترى الارض خاشعة فاذا انزلنا عليها الماء اهتزت وربت ان الذي احياها لمحيي الموتى انه على كل شيء قدير ٣٩

41:39
وَمِنۡ
ءَايَٰتِهِۦٓ
أَنَّكَ
تَرَى
ٱلۡأَرۡضَ
خَٰشِعَةٗ
فَإِذَآ
أَنزَلۡنَا
عَلَيۡهَا
ٱلۡمَآءَ
ٱهۡتَزَّتۡ
وَرَبَتۡۚ
إِنَّ
ٱلَّذِيٓ
أَحۡيَاهَا
لَمُحۡيِ
ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ
إِنَّهُۥ
عَلَىٰ
كُلِّ
شَيۡءٖ
قَدِيرٌ
٣٩
      Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад. Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

From among the Signs of Allah

Here Allah reminds His Creation of His power, and that He is the One Who has no equal, and He is Able to do all things. Allah's saying;

وَمِنْ ءَايَـتِهِ الَّيْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ

(And from among His signs are the night and the day, and the sun and the

…

From among the Signs of Allah

Here Allah reminds His Creation of His power, and that He is the One Who has no equal, and He is Able to do all things. A

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 41, Page 481, Juz 24

33. Ва кист некӯтар (ба эътибори сухан) аз сухани он, ки ба сӯи тавҳид ва ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам? 34. Ҳаргиз шахсони имондори нек хулқ ва шахсони кофири бад хулқ баробар нестанд. Бартараф кун, (яъне ҷавоб гардон ҳар гуна бадиро) ба муъомалаву хислати беҳтару некӯтар ва мебинй, ки ногоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душманист гӯё ӯ ба ту дӯсту хешованд аст. 35. Ва бархурдор нашаванд аз ин хислати некӯ магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд дар дунё ва охират. 36. Ва чун аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, пас ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ таъоло шунавову доност ба корҳои халқаш! 37. Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед! 38. Пас агар он мушрикон аз саҷда кардани барои Аллоҳ такаббур меварзанд, пас ҳамоно фариштагоне, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, такаббур намеварзанд, балки бехастагиву дилгиршавӣ, шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд. 39. Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад. Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад. 40. Ҳамоно касоне, ки аз ҳақ дур мешаванд ва ба Қуръон кофир мешаванду онро дигаргун мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он мулҳиде, ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё касе, ки биёяд эмин шуда дар рӯзи қиёмат? Ҳар чӣ мехоҳед эй мулҳидон бикунед, ҳароина, Ӯ ба кард ва кирдорҳоятон биност! 41. Ҳамоно онҳое, ки ба Қуръон чун бар онҳо нозил шуд инкор карданд, кофир шуданд ва дар баробари куфри хеш, ҳалокшавандаву азоб кардашуда мебошанд. Ва ҳамоно ин Қуръон китоби арҷманду гиромиқадр аст ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст. 42. Ҳаргиз аз пешу паси ӯ ботил роҳ намеёбад. Нозилшуда аз ҷониби Аллоҳе, ки доност ба корҳои бандагонаш ва соҳиби ҳамду саност ба сифатҳои камол. 43. Ҳар чӣ дар бораи ту (эй Паёмбар он мушрикон) мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Пас сабр кун ва дар даъвати худ устувор бош! Албатта, Парвардигори ту ҳам омӯрзандаи тавбакунандагон аст ва ҳам соҳиби азоби дардовар аст кофиронро! 44. Ва агар ин Қуръонро (эй паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: «Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд.

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute