Sign in
Sign in
Sign in
Select Language
019

Maryam 19:74 وكم اهلكنا قبلهم من قرن هم احسن اثاثا ورييا ٧٤

19:74
وَكَمۡ
أَهۡلَكۡنَا
قَبۡلَهُم
مِّن
قَرۡنٍ
هُمۡ
أَحۡسَنُ
أَثَٰثٗا
وَرِءۡيٗا
٧٤
   Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар, чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд.
Continue Reading

Read Tafsir

Ibn Kathir (Abridged)

The Disbelievers boast over Their good Fortune in the World

Allah, the Exalted, informs that when the clear, evident Ayat of Allah are recited to the disbelievers, they reject them and turn away. They say about those who believe, while boasting to them and arguing that their false religion is correct

…

The Disbelievers boast over Their good Fortune in the World

Allah, the Exalted, informs that when the clear, evident Ayat of Allah are recited to the d

…
More Tafsirs

Read in Context

Chapter 19, Page 310, Juz 16

66. Ва одами кофир мегӯяд: «Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?» 67. Оё одами кофир ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд? 68. Пас, қасам ба номи Парвардигорат эй паёмбар, албатта, он мункирони баъсро рӯзи қиёмат бо шайтонҳо ҷамъ меоварем, он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир карда ва ба зону мешинонем. 69. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Аллоҳи меҳрубон бештар гуноҳ ва саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем ва аввал ононро азоб мекунем. 70. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем. 71. Ва ҳеҷ як аз шумо эй одамон нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту. 72. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону шинонда дар он ҷо вомегузорем. 73. Чун оёти возеҳу равшани моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Кадом яке аз ду гурӯҳ ҷойгоҳи беҳтар ва маҷлиси зеботаре доранд?» 74. Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар, чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд. 75. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Аллоҳи меҳрубон ӯро мӯҳлат медиҳад», то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоби ин дунё ва ё вуқӯъи қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтар ва лашкараш заифтар ва нотавонтар аст. 76. Ва Аллоҳ бар ҳидояти онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд. ва назди Парвардигори ту подош ва оқибати кирдорҳои шоистае, ки боқӣ мондаанд, беҳтар аст. 77. Эй Паёмбар, оё он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд, дидй, ки мегуфт: «Албатта, дар охират ба ман молу фарзанд дода хоҳад шуд!» 78. Оё ӯ аз ғайб огоҳ шудааст, ки медонист дар охират барои ӯ молу фарзанд дода мешавад, ё аз Аллоҳи меҳрубон аҳду паймон гирифтааст? 79. Ҳаргиз ин тавр нест чунончи, он кофир даъво мекунад. Он чӣ мегӯяд, хоҳем навишт ва албатта, дар охират азобашро хоҳем зиёд кард. 80. Ва боз пас гирем аз ӯ молу фарзандонашро ва меояд рӯзи қиёмат назди Мо яккаву танҳо. 81. Ва мушрикон бар ивази Аллоҳ маъбудоне ихтиёр кардаанд, то сабаби пирӯзӣ ва иззаташон гарданд. 82. Ҳаргиз чунин нест. Балки ин бктон хкд мункир мешаванд дар охират парастиши маъбудони худро ва ба мухолифаташон (бар зидди онҳо) бархезанд.

- Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Notes and Reflections

You do not have any notes or reflections on this verse.

Notes placeholders

Stay Connected to the Quran ❤️

Short meaningful reminders to reset, reflect and stay connected to the Quran.

Read, Listen, Search, and Reflect on the Quran

Quran.com is a trusted platform used by millions worldwide to read, search, listen to, and reflect on the Quran in multiple languages. It provides translations, tafsir, recitations, word-by-word translation, and tools for deeper study, making the Quran accessible to everyone.

As a Sadaqah Jariyah, Quran.com is dedicated to helping people connect deeply with the Quran. Supported by Quran.Foundation, a 501(c)(3) non-profit organization, Quran.com continues to grow as a free and valuable resource for all, Alhamdulillah.

Navigate
Home
Quran Radio
Reciters
About Us
Developers
Product Updates
Feedback
Help
Donate
Our Projects
Quran.com
Quran For Android
Quran iOS
QuranReflect.com
Quran.AI
Sunnah.com
Nuqayah.com
Legacy.Quran.com
Corpus.Quran.com
Non-profit projects owned, managed, or sponsored by Quran.Foundation
Popular Links
Duas from the Quran
Quran Verse of the Day
Ayatul Kursi
Yaseen
Al Mulk
Ar-Rahman
Al Waqi'ah
Al Kahf
Al Muzzammil
SitemapPrivacyTerms and Conditions
© 2026 Quran.com. All Rights Reserved
Contribute